Инъикоси ташаббуси нави глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-«Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар маҷаллаи «Invoice Magazine»-и Покистон

13.02.2017 11:55

Ташаббуси нави глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-2018-2028 дар шумораи навбатии маҷаллаи «Invoice Magazine»-и Покистон дар мақолаи зери унвони «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи захираҳои обӣ баҳри рушди устувор ҳимоят намуд» инъикос гардид.

Дар ин мақола аҳамияти байналмилалии қабули Қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ вобаста ба ин ташаббус ва ҳадафҳои он дар самти ҳифзи захираҳои обии сайёра ва таъмини манфиатҳои башарият дарҷ шудаанд.

http://invoice.com.pk/2017/02/01/emomali-rahmon-president-tajikistan-advocates-water-for-sustainable-development/

Нигористон

Тақвим