Мулоқоти навбатии Гурӯҳи “Дӯстони об”

11.02.2017 11:59

10 феврали соли 2017 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмадаминов дар мулоқоти навбатии Гурӯҳи “Дӯстони об”, ки дар Намояндагии доимии Маҷористон дар СММ дар ш. Ню-Йорк баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ М. Маҳмадаминов роҷеъ ба қабул гардидани Даҳсолаи «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва аҳамияти он барои пешбарии Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) ба ҳозирин маълумот пешкаш намуд. Дар рафти вохӯрӣ инчунин вобаста ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонии об табодули назар сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим