Мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

23.01.2017 15:27

23 январи соли 2017 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ равандҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба, тадорукот ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ баҳри такмил ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, вазъияти иқтисодии ҷумҳурӣ, амният ва мавзӯҳои мубрами минтақавӣ, обу нерӯ ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот Муовини сардори Шуъбаи Осиёи Марказии Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Аудроне Перкаускиене, мутасаддии Тоҷикистон дар Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Роланд Хонекамп, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Сафир Хидайет Бишчевич ва дигар аъзоёни ҳайат низ ҳузур доштанд.

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Нигористон

Тақвим