Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) соли 1985 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.
Дар соли 1992 ҳафт кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, аъзои СҲИ шудаанд. 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида рӯзи СҲИ эълон гардид.
То аввали соли 1992 дар чаҳорчубаи СҲИ ҳамкориҳо миёни давлатҳои аъзои Созмони мазкур дар маҷмӯъ шакли дуҷонибаро доштанд. Шурӯъ аз соли 1992 фаъолияти СҲИ бо воридшавии ихтиёрии ҳафт кишвари аъзои нави Созмон, фаъолтар шуд.
Дар ҷаласаи 50-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1995 Қатънома дар бораи ҳамкорӣ бо СҲИ қабул гардид ва сипас СҲИ мақоми нозирро дар СММ касб намуд.
Кишварҳои аъзои СҲИ имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд. Тӯли 12 соли охир, кишварҳои аъзои СҲИ баҳри таъмини рушди босуботи муносибатҳои минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, СҲИ лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, савдо, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир татбиқ мекунад.
Моҳи марти соли 2017 дар Исломобод зимни Саммити 13-уми сарони кишварҳои аъзои СҲИ санади “Диди СҲИ-2025” қабул гардид, ки самтҳои ассосии фаъолияти Созмонро дар солҳои наздик дарбар мегирад.
Кишварҳои аъзои СҲИ:
1. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
2. Ҷумҳурии Қазоқистон
3. Ҷумҳурии Қирғизистон
4. Ҷумҳурии Озарбойҷон
5. Ҷумҳурии Исломии Покистон
6. Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Ҷумҳурии Туркия
8. Туркманистон
9. Ҷумҳурии Ӯзбекистон
10. Ҷумҳурии Исломии Эрон