Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) пас аз ҳодисаҳои мудҳиши 11-уми сентябри соли 2001 ва пас аз шурӯи амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон нерӯи тоза гирифт.
Оғози ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин созмон метавон ба 20-уми феврали соли 2002 рабт дод, зеро маҳз ҳамин рӯз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия санадро оид ба ҳамроҳшавии кишвар ба Барномаи “Шарокат баҳри сулҳ”-и СААШ имзо намуд. Ҳадафи асосии барномаи номбурда тавсеаи фаъолияти кишварҳои шарик дар кори ин созмон мебошад. Моҳи марти соли 2003 бо пешниҳоди “Санади гузоришӣ”, ки дар он ҳадафу самтҳои асосии ҳамкорӣ бо ин созмон дарҷ ёфтаанд, ҷиҳати баррасӣ ба Котиботи СААШ аз ҷониби Тоҷикистон, давраи расмии ҳамкории Тоҷикистон бо созмони мазкур оғоз ёфт.
Аввали соли 2004 Барномаи инфиродии шарикӣ миёни Тоҷикистон ва СААШ таҳия шуда, дар он самтҳои асосии ҳамкорӣ ва чорабиниҳои мушаххас барои солҳои минбаъда тарҳрезӣ шудаанд. Барномаи “Шарокат баҳри сулҳ” фаъолияти мутақобилаи ҷонибҳоро дар соҳаҳои омӯзиши забон ва таълимоти ҳарбӣ, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҳифзи сарҳадот, банақшагирии фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ фаро мегирад.
Гарчанде СААШ бевосита дар самти мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият намекунад, вале бо назар ба таҳдиду паёмадҳои ин ҷиноят, масъалаи номбурда низ дар маркази диққати ин созмон қарор дорад. Соли 2007-ум дар асоси тавофуқи миёни Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва намояндаи махсуси Дабири кулли СААШ оид ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Роберт Симмсон, намояндагони ҷониби мо ба даврҳои омӯзишии гуногун сафарбар шуданд, ки ин, бешубҳа, дар баланд бардоштани зарфияти касбии онҳо мусоидат менамояд.
Бо назардошти таҳдиди рӯзафзуни терроризми байналмилаливу экстремизм ва вазъи ноором дар Афғонистон, ба вежа дар минтақаҳои шимоли он, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммарзанд, ҳамкорӣ бо СААШ дар соҳаи мубориза бо терроризму экстремизм хуб ба роҳ монда шудааст. Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадами мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва тавсеаи донишу малакаи касбии хеш дар курсҳои омӯзишиву конфронсҳои байналмилалии СААШ пайваста иштирок менамоянд.
Гузашта аз ин, ба мақсади мусоидат ба мардуми Афғонистон бо СААШ ҷиҳати ҳамлу нақл тавассути қаламрави Тоҷикистон барои амалиётҳои СААШ ва Эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон миёни кишвари мо ва ин созмон созишнома ба имзо расонида шудааст. Соли 2014 ҷиҳати баровардани Эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон бо кишварҳои алоҳидаи аъзои созмони мазкур, ки раванди ҳамлу нақлро тавассути қаламрави кишвар назорат мекунанд, тавофуқномаҳо имзо шудаанд.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо СААШ дар соҳаи илм метавон хуб арзёбӣ намуд. Академияи илмҳои кишвар бо бахшҳои илмиву тадқиқотии созмони мазкур ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Олимону донишмандони Тоҷикистон аз грантҳои ин созмон, аз ҷумла “Илм барои сулҳ ва амният” бархурдор гардидаанд. Ғайр аз ин, соли 2006 барои шабакаҳои сохтории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ грант ҷудо гардид. Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории худро то соли 2017 бо Дафтари Афсари тамоси СААШ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври густурда ба роҳ монда буд. Моҳи апрели соли 2017 бинобар сабабҳои иқтисодӣ Дафтари мазкур, ки дар шаҳри Тошканд буд, баста шуд ва минбаъд тамоми мукотибаю ҳамкорӣ тавассути Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СААШ ва Дафтари ин созмон дар Брюссел сурат мегирад.
Соли 2015 дар доираи Барномаи инфиродии шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СААШ, ки барои солҳои 2014-2016 ба имзо расида буд, дар кишвар як қатор чорабиниҳо бо унвони 11-умин Академияи тобистона (4-14 июли соли 2015, дараи Ромит), Конфронси коршиносони “Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва амнияти минтақавӣ баъд аз соли 2014” (26 октябри 2015, ш.Душанбе) ва Рӯзи иттилоотии барномаи “Илм баҳри сулҳ ва амният”-и созмони номбурда (9 декабри соли 2015) таҳти тадорукоти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии Шӯъбаи дипломатияи оммавии СААШ баргузор гардиданд.
Ҳоли ҳозир пешнависи Барномаи инфиродии шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ барои солҳои 2017-2019 дар баррасии ҷонибҳо қарор дошта, интизор аст, ки дар ояндаи наздик қабул гардад.
махсуси маъюбони MoveAbility КБСС ёрии техникӣ, машваратӣ ва молиро барои омӯзиш расонида, марказҳои ортопедикии ш.Душанбе ва ш.Хуҷандро бо таҷҳизоти техникӣ таъмин намудааст.
КБСС дар мушкилоти шахсони гумшуда дар кишварҳои мухталиф, ба вижа дар Тоҷикистон кор мебарад.
КБСС ба Маркази миллии қонунгузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баргузории тадқиқот мувофиқи қонунгузории миллӣ, меъёрҳои байналмилалӣ, ки ба ҳуқуқи шахсони гумшуда ва оилаҳои онҳо тааллуқ дорад, мусоидат намудааст.
Барқарор намудани дастрасии оилавӣ миёни одамоне, ки аз озодӣ маҳруманд ва хешовандони онҳо, яке аз намудҳои анъанавии фаъолияти КБСС мебошад, ки дар аксари кишварҳои олам амалӣ мегардад.
КБСС барои паҳн намудани дониш дар бораи Ҳуқуқи байналмилалии башардустона (ҲББ) ва дигар меъёрҳои башардӯстона миёни ҳукуматҳо, қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба вижа донишгоҳҳо кӯмак мекунад. КБСС ба таври муназзам чорабиниҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ оид ба ҲББ барои шахсони ҳукуматӣ бо мақсади ривоҷ додани ҳолати татбиқи ҲББ дар сатҳи миллӣ ташкил мекунад.
КБСС ба ҶҲАТ барои рушди имкониятҳои таъмини ёрдамҳои башардӯстона дар ҳолатҳои фавқулода кӯмак мекунад, аҳолии мавзеъро оиди хатари мина ва таҷҳизотҳои натаркида хабардор мекунад, дониш дар бораи ҲББ ва принсипҳои асосии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро паҳн менамояд, ба шахсоне, ки аз оилаҳои худ ҷудо шудаанд, барои дастрасӣ пайдо кардан ва мубодилаи ахбор кӯмак мекунад. Барномаи омодасозӣ ба ҳолатҳои фавқулода аз он иборат аст, ки имконияти шуъбаҳои алоҳидаи ҶҲАТ, ки дар навоҳии зарардида аз ҳолати фавқулода воқеъ аст, тавассути баргузор намудани давраҳои омӯзишии махсус оид ба ёрии аввалин, қоидаҳои дастрасии бехатарӣ ва равишҳои гузаронидани баҳогузорӣ дар зерсохторҳои онҳо фарохтар карда шавад.
17/09/2018