12 июни 2026 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки онҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин роҳбарӣ намуданд.
Зимни машваратҳо ҷонибҳо атрофи дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг зоҳир гардид.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда дар чаҳорчӯби ин сохторҳо таъкид карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan
Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj