
12 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: фазои сулҳ ва рушди муштарак» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) Қайрат Сарибой баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар доираи МҲТБО, инчунин масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштаракро, ки ба тавсеаи шарикии минтақавӣ ва баланд бардоштани самаранокии абзорҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар Осиё мусоидат менамоянд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan
Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj