Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи ШВКХ СААД

10.06.2026 12:07

10 июни соли 2026 дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок кард.

Зимни ҷаласа роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ роҷеъ ба рӯзномаи ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмон, инчунин, перомуни андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати вокуниш ба таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар минатақаи СААД табодули афкор намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласа вазирон санадҳоеро, ки ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Созмон равона шудааст, ба имзо расонида, инчунин, якчанд изҳоротҳои муштаракро дар робита ба 85-умин солгарди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945,  пешгирии мусаллаҳшавии бошитоб дар фазои кайҳон, зарурати муқовимат бо хатарҳои истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба мақсадҳои террористиву тахрибкорӣ, таҳкими нақши ҳуқуқи байналмилалӣ ва пайравӣ ба усулҳои Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид қабул карданд.

Ҳамзамон таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон зоҳир гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим