5 июни соли 2026 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр ва кишвари раисикунанда дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Константинос Комбос, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобилаи кишварҳоро барои густариши минбаъдаи муколамаи сиёсиву ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таҳкими равобит байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳор доштанд.
Ҳамсуҳбатон аснои баррасии муносибатҳои дуҷониба ба таҳкими пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ, инкишофи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, рушди захираҳои инсонӣ, инчунин роҳандозии робитаҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб диққати махсус зоҳир намуданд.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро, ки Ҷумҳурии Кипр кишвари раискунандаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо мебошад, баланд арзёбӣ намуданд. Вазирони корҳои хориҷӣ ба ҷанбаҳои калидӣ, аз ҷумла афзоиши гардиши мол, рушди иқтисоди сабз, ба вежа дар соҳаи энергетика ва ҳамкориҳо дар таҳкими сарҳад тамаркуз карданд.
Пас аз анҷоми мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ ёддошти тафоҳум дар соҳаи маорифро имзо карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan