Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Нидерланд

02.06.2026 12:03

2 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе даври сеюми машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд баргузор гардид.

Зимни ин ройзаниҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо қаноатмандӣ аз сатҳи кунунии робитаҳо ҳавасмандии ҷонибҳо барои таҳкиму густариши ҳарчи бештари муносибатҳои гуногунҷанба ва дар марҳилаҳои навбатӣ татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак таъкид гардиданд.

Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Нидерланд дар ҳошияи Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ низ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим