14 майи 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов дар рафти брифинг доир ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки таҳти ҳамраисии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Сенегал (ш. Абу Забӣ, 8-10 декабри 2026) баргузор мешавад, иқдомҳои муассири Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, муаррифӣ намуд.
Сафир ҳангоми суханронӣ дар бахши муколама баҳри табодули таҷриба, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масоили марбут ба обу иқлим ҷалб карда, аҳаммияти баргузории 4-умин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (ш. Душанбе, 25-28 майи 2026)-ро ҳамчун абзори муҳим барои таҳкими мушорикат ва ҳамкорӣ дар пешманзари Конфронси оби СММ-2026 таъкид намуд.
Дар ҳамоиш роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқим нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ҷаҳонӣ ва пешбарандаи дипломатияи об дар арсаи байналмилалӣ муҳим хонданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan