11-14 майи соли 2026 бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирад.
Дар доираи сафар мулоқоти сатҳи олӣ баргузор гардида, дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика «иқтисоди сабз» ва технологияҳои рақамӣ мубодилаи афкори созанда хоҳанд кард.
Инчунин, баррасии вазъи минтақа ва таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир дар доираи робитаҳо дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз мавзуъҳои меҳварии музокирот аст.
Аз натиҷаи мулоқоти сатҳи олӣ, имзои бастаи нави санадҳои дуҷониба дар назар аст, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Чинро ба таври назаррас таҳким мебахшад.
Сафари мазкур идомаи мантиқии муколамаи сиёсии сарони давлатҳо буда, ба таҳкими дӯстии деринаи мардумон ва ҳамсоягии неки ду кишвар такони нав хоҳад бахшид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan