Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Австрия

30.04.2026 14:20

30.04.2026.14.20.png

30 апрели соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия хонум Беате Майнл-Райзингер суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Зимни гуфтугӯ вазирон масъалаҳои тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин вазъи кунунии минтақаро баррасӣ намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим