
29 апрели соли 2026 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода бо ҳайати тиҷоратии Иёлати Ютаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба имкониятҳо ва муҳимияти рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, алалхусус Иёлати Юта аз ҷумла зарурияти сафарбар намудани ҳайати тиҷоратиро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ҷалби сармояи мустақим, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan