Брифинг доир ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе дар ЮНЕСКО

29.04.2026 08:55

Санаи 28-уми апрели соли 2026 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг доир ба омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш кормандони ниҳодҳои дахлдори ЮНЕСКО ва намояндагони кишварҳои узв ҷамъ омаданд, то аз ҷузъиёти ҳадафҳо, рӯзнома, натиҷаҳои интизоршаванда ва мушаххасоти логистикии Конфронс, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, муфассал огоҳӣ пайдо кунанд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ дар суханронии худ омодагиҳои Ҳукумати кишварро муфассал ироа намуда, аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об ёдовар шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим