Мулоқот бо намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо

27.04.2026 17:29

27.04.2026.17.26.jpg

27 апрели соли 2026 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо, роҳбари Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо (UNDRR) Камол Кишор баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар коҳиши хатари офатҳо, инчунин саҳми UNDRR дар дастгирии кишварҳо дар тақвияти муқовимат ба ҳолатҳои фавқулоддаро баррасӣ карданд. Зимни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба ташаббуси СММ «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» ва чораҳо оид ба беҳтар кардани системаҳои огоҳкунии барвақт ва вокуниш зоҳир карда шуд.

Инчунин рӯзномаи ҷаҳонии об дар заминаи қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ ва Раванди оби Душанбе, ки ҳадафи он муттаҳид кардани талошҳои байналмилалӣ барои таъмини рушди устувори об мебошад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим