Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо сенаторони Фаронса

25.04.2026 16:30

25 апрели соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии Фаронса-Осиёи Марказии Сенати Ҷумҳурии Фаронса таҳти роҳбарии Эрве Морей, мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳо байни Тоҷикистону Фаронса, амнияти минтақавӣ, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва мавзуъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим