4 апрели соли 2026 дар шаҳри Ҳисор ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки роҳбарияти Вазорат ва корпуси дипломатӣ чорабинии идона баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ дар ёдгории таърихӣ-фарҳангии Қалъаи Ҳисор меҳмонон тибқи урфу одати миллӣ бо чашидани нону суманак истиқбол гардида, инчунин аз мавзеи таърихӣ шинос шуданд.
Ҳамзамон дар мавзеи Себзори шаҳри Ҳисор намоишгоҳ бо ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии баҳорӣ, нигораҳо ва либосҳои миллӣ пешкаши ҳамагон гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз доир гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan