Машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку

03.04.2026 17:48

2 апрели соли 2026 дар шаҳри Боку даври чоруми машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.

Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро, сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Сафарзода ва ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷонро сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Эмил Сафаров роҳбарӣ карданд.

Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои консулӣ, аз ҷумла вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои мубрами консулӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва идомаи муколамаи созанда таъкид намуданд.

Пас аз машваратҳои консулӣ мулоқоти арзи адаби ҳайати Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Фариз Рзаев баргузор гардид.

Машваратҳо дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардиданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим