3 апрели соли 2026 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири фавқулода ва мухтори навтаъйини Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Аш-Шамрониро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба сафири нави Арабистони Саудӣ дар фаъолияти минбаъдаи дипломатияш дар Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan