2 апрели соли 2026 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар нусхаи эътимодномаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфон Аҳмадро қабул намуд.
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо атрофи робитаҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Покистон мубодилаи афкор намуданд.
Муовини вазир И. Аҳмадро ба муносибати таъйин гардидан ба мансаби нави дипломатияш табрик намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти касбияш дар Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan