Машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон

01.04.2026 17:12

1 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардид.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо атрофи дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, робитаҳои иқтисоди-тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои илму маориф, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳанг зоҳир гардид.

Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаро, аз ҷумла дар доираи Муколамаи Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима намуда, омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда дар чаҳорчӯби ин сохторҳо иброз доштанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим