
1 апрели соли 2026 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сибӣ Ҷорҷ, ки барои ширкат дар машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамкориҳои гуногунҷабҳа дар доираи Муколамаи Осиёи Марказӣ- Ҳиндустон инчунин масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan