30 марти соли 2026 таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Саноӣ Бойзода дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ брифинг дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти брифинг муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Азиз Назар, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода ва муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Рустам Холматиён дар бораи дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, рафти татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҳадафҳои стратегӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишвар маълумоти муфассал манзур намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan