Сафири Тоҷикистон эътимодномаҳои худро ба Президенти Фаронса супорид

31.03.2026 16:08

25 марти соли 2026 cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода эътимодномаҳои худро ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар ҷараёни маросими расмӣ дар Қасри Елисей супорид.

Зимни маросим сафир Ҷамшед Ҳомидзода паёми табрикотӣ ва таманниёти  неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса иброз дошта, омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Фаронса изҳор намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим