Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо дар СММ

20.03.2026 18:45

19 марти соли 2026 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Пиряхҳо дар ҷаҳони тағйирёбанда: ҳифзи криосфераи сайёра» баргузор шуд.

Ин ҳамоиш бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои узви СММ, ниҳодҳои марбутаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ доир гардида, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи аҳамияти пиряхҳо, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва пешбурди иқдомҳои сиёсӣ дар самти ҳифзи онҳо равона гардид.

Дар чорабинӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид кард, ки пиряхҳо яке аз нишондиҳандаҳои асосии тағйирёбии иқлим ба шумор рафта, дар нигоҳдории тавозуни гидрологӣ ва экологии Замин нақши калидӣ доранд. Обшавии босуръати пиряхҳо ба захираҳои оби тоза, амнияти озуқаворӣ, энергетика ва суботи иҷтимоию иқтисодӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Вазири корҳои хориҷӣ инчунин изҳор дошт, ки барои Тоҷикистон ҳифзи пиряхҳо аҳамияти вижа дорад, зеро 93 фоизи қаламрави кишварро кӯҳҳо ташкил дода, пиряхҳои он манбаи асосии захираҳои обии минтақа мебошанд. Дар кишвар тақрибан 13 ҳазор пирях вуҷуд дорад, ки то 60 фоизи захираҳои оби тозаи Осиёи Марказиро таъмин мекунанд. Ҳамзамон, аз байн рафтани беш аз 1300 пирях ҳамчун тамоюли нигаронкунанда арзёбӣ шуд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир масъалаҳои обу иқлимро дар сатҳи ҷаҳонӣ пайгирона пеш мебарад. Аз ҷумла, бо ташаббуси кишвар Маҷмаи умумии СММ соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 мартро «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» эълон кардааст.

Дар фарҷом, Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки барои коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим, тақвияти таҳқиқоти илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби захираҳои молиявӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Чорабинӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои узви СММ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд ва ба таҳкими муколамаи байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва криосфера саҳми назаррас гузошт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим