Дар чорабинии мазкур роҳбарони Намояндагиҳои дипломатии муқими кишвари иқомат, олимону коршиносон ва доираҳои васеи илмиву фарҳангӣ ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиш сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода суханронӣ намуда, аз аҳамияти таърихӣ ва нақши Устувонаи Куруши Кабир дар рушди арзишҳои умумибашарӣ, бахусус дар самти ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки қатъномаи он зимни конфронси 43-уми ЮНЕСКО қабул шудааст, ёдовар гардид. Таъкид шуд, ки Устувонаи Куруши Кабир, ки таърихи 2550 солро фаро мегирад, ҳамчун нахустин сарчашмаҳои таърихии ҳуқуқи инсон то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ дошта, дар рушди меъёрҳои муосири ҳуқуқи байналмилалӣ заминаи мусоидро фароҳам овардааст.
Зимни нишаст, инчунин ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, аз ҷумла эълон гардидани соли 2027 аз ҷониби СММ ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, тазаккур дода шуд, ки қатънома ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими арзишҳои қонунмеҳварӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар интиҳои чорабинӣ, иштирокдорон атрофи масъалаҳои мубрами рӯз ва нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои муосири инсон табодули афкори судманд анҷом доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan