
19 марти соли 2026 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода бо сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳои амалкунандаи дуҷониба ва барномаҳои ҳамкорӣ зоҳир карда шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan