Эълони сабти номи намояндагони васоити ахбори омма барои бозтоби Конфронси чоруми оби Душанбе

19.03.2026 16:23

06.01.2026.08.25.jpg

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 25 то 28 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» баргузор мегардад. Чорабинӣ дар ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.

Намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро лозим аст, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии чорабинии мазкур дар торнамои расмии Конфронс то 10 майи соли 2026 тавассути пайвандаки мазкур аз раванди бақайдгирӣ гузаранд.

Иштирок дар чорабинӣ имконият фароҳам меорад, ки аз ҷараёни форумҳо, сессияҳои мавзуӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд иттилооти муфид дастрас гардад. Дар доираи онҳо мансабдорони сатҳҳои гуногун аз кишварҳои мухталифи дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин коршиносони варзидаи соҳа иштирок ва суханронӣ мекунанд. Конфронс имконияти арзанда барои инъикоси ҳамаҷонибаи мавзӯъ ва равшаннамоии ҷанбаҳои муҳими чорабинӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мебошад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим