Мулоқот бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026

19.03.2026 09:20

19.03.2026.08.55.jpg

18 марти соли 2026 дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонони Конфронси оби СММ–2026 ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии ин чорабинӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ С. Муҳриддин бо таъкиди нақши калидии ҳамраисони муколамаҳои интерактивӣ зикр намуд, ки фаъолияти онҳо барои роҳнамоии самараноки муҳокимаҳо ва таъмини инъикоси ҳамаҷонибаи афзалиятҳо ва интизориҳои давлатҳои узв, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор, аҳаммияти муҳим дорад.

Ҳамзамон, Вазири корҳои хориҷӣ оид ба аҳаммияти ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об изҳори назар намуда, инчунин ба раванди омодагӣ ба Конфронси чаҳоруми Раванди оби Душанбе (25–28 майи соли 2026) таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Ӯ ҳозиринро барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар Конфронси Душанбе даъват намуд.

Дар навбати худ, мизбонони Конфронси оби СММ–2026 ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивӣ, аз ҷумла ҳамраиси Конфронси оби Душанбе — ҷаноби Ли Ҷунхуа, муовини Дабири кулли СММ, аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи мудирияти устувори захираҳои об изҳор доштанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим