Мулоқот бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа

20.03.2026 08:50

20.03.2026.08.48.jpg

19 марти соли 2026 дар ҳошияи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Ню-Йорк бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва пешрафтҳои бадастомада дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор баррасӣ шуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ С. Муҳриддин таъкид кард, ки ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ яке аз авлавиятҳои асосии Тоҷикистон буда, дар ин зимн ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар барои пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим саҳми назаррас мегузоранд.

Инчунин ҷонибҳо дар мавриди омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» табодули афкор намуданд. Дар ин росто қайд гардид, ки чорабинии мазкур заминаи мустаҳкам ва пайвастаро барои омодагии муассир ва баргузории бомуваффақияти Конфронсҳои оби СММ дар солҳои 2026 ва 2028 фароҳам хоҳад овард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим