
18 марти соли 2026 дар шаҳри Ню Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкории гуногунҷанба ва пурсамари Тоҷикистон ва СММ, инчунин масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.
Вазири корҳои хориҷӣ С. Муҳриддин нақши СММ-ро ҳамчун платформаи универсалӣ барои амалҳои дастаҷамъона қайд намуда, аҳамияти тақвияти ҳамкории бисёрҷониба, пешгирии низоъҳо ва ҳамоҳангсозии башардӯстонаро дар чаҳорчӯби Оинномаи СММ таъкид намуд. Таваҷҷӯҳи хосса ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва дигар таҳдиду чолишҳои муосир зоҳир гардид. Дар ин робита, ҷонибҳо Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории онро ҳамчун платформаи муфид барои ҳамкорӣ, мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии чораҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин вобаста ба буҳрони минтақаи Ховари Миёна, ихтилофи миёни Покистон ва Афғонистон ва дигар масоили муҳими минтақавӣ эътибори махсус дода шуд.
Ҷонибҳо инчунин ба Рӯзномаи рушди устувор барои соли 2030 ва суръат бахшидан ба пешрафт тавассути тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва маблағгузории рушд тамаркуз карданд. С. Муҳриддин таҷрибаи тӯлонӣ ва иштироки фаъоли Тоҷикистонро дар мудирияти захираҳои обии ҷаҳонӣ, бахусус дар доираи Раванди оби Душанбе қайд кард.
Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва ҳамкорӣ дар доираи механизмҳо ва барномаҳои мавҷудаи СММ, аз ҷумла ислоҳоти СММ-80 ва рушди устувор, бо ҳадафи таъмини сулҳ, амният ва шукуфоӣ барои мардуми минтақа ва тамоми ҷаҳон изҳор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan