
18 марти соли 2026 вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ, Роҳбари идораи СММ оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ (UNDRR) Камал Кишоре баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои дахлдори СММ ва дурнамои иқдомҳои муштарак дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон ба Камал Кишоре даъватнома ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, ки 25-28 майи соли 2026 дар ш. Душанбе барпо мегардад, супорида шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan