Баргузории чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо дар Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева

18.03.2026 16:21

17 марти соли 2026 намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Женева чорабинӣ таҳти унвони «Тақвияти ҳамкории ҷаҳонӣ оид ба пиряхҳо: таҷриба ва амалҳои бисёрҷониба»-ро дар Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо баргузор намуд. Қабл аз оғози чорабинӣ намоиши аксҳо бахшида ба пиряхҳо доир гардид.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода аҳамияти таҳкими ҳамкории байналмилалиро ҷиҳати муқовимат ба обшавии пиряхҳо таъкид намуд. Ҳамчунин, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селеста Сауло, Намояндаи доимии Непал Рам Прасад Субеди ва намояндагони UNESCO ва UNEP суханронӣ карданд. Чорабинӣ ҳамзамон ҳамчун брифинг оид ба Конфронси байналмилалии дарпешистода оид ба об дар шаҳри Душанбе хизмат намуда, аҳамияти онро ҳамчун платформаи муҳим барои рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об ва иқлим таъкид кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим