Имзои Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ аз ҷониби Тоҷикистон

18.03.2026 15:43

18.03.2026.15.34.jpeg

17 марти соли 2026 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк маросими расмии имзои Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Санади мазкурро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат имзо намуд.

Ҳуҷҷати имзошуда бо номи расмии – “Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бар зидди баъзе ҷиноятҳои муайяни бо истифода аз низоми иттилоотию коммуникатсионӣ содиршаванда ва дар мубодилаи далелҳои шакли электронии марбут ба ҷиноятҳои вазнин” то 31 декабри 2026 дар қароргоҳи СММ барои имзо боз буда, то имрӯз онро 75 кишвар имзо намудаанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим