18 марти соли 2026 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг доир ба рафти омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» бо иштироки муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Котиботи Конфронс Саноӣ Бойзода баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ зикр гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳоро барои мизбонии Конфронс, ки 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бомаром идома медиҳад.
Қайд гардид, ки ҳадафи Конфронси мазкур ба таҳкими ҳамкорӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати роҳандозии амалҳои мушаххас барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва дастгирии татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об, инчунин амалисозии Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” буда, он ҳамчун чорабинии калидӣ барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 ва баргузории машваратҳо ва муҳокимаҳои ғайрирасмӣ бо ҷонибҳои манфиатдор оид ба Конфронси оби СММ дар соли 2028, ки дар Тоҷикистон доир мегардад, хизмат мекунад.
Дар ин замина, ба иштирокчиён маълумоти муфассал оид ба сохтори барномаи Конфронс, аз ҷумла ҷаласаҳои мавзуӣ, панелҳои махсус, форумҳо, инчунин намоишгоҳи байналмилалӣ, чорабиниҳои канорӣ ва фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Бақайдгирии иштирокчиёни Конфронс аз 5 марти соли 2026 оғоз гардид.
Муфассал: https://conf2026.dushanbewaterprocess.org/tj
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan