
17 марти соли 2026 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ бо мудири кулли ЮНЕСКО ҷаноби Холид Ал-Анонӣ баргузор шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО-ро баррасӣ карда, дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла илму маориф, ҳифзу тарғиби мероси фарҳангӣ ва обу пиряхҳо мубодилаи назар намуданд.
Намояндаи доимӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои созанда бо ЮНЕСКО аҳамияти хосса дода, омода аст, ки барои пешбурди ташаббусҳои муштарак дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ саҳми беназир гузорад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan