Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Қазоқистон ба муносибати баргузории бомуваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ табрикоти самимона изҳор менамояд.
Иштироки фаъоли интихобкунандагон ва натиҷаҳои раъйдиҳӣ далели возеҳи дастгирии васеи ҷомеа аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар ва эътимоди мардум ба барномаи ислоҳоти густурда мебошад.
Мо итминони комил дорем, ки натиҷаҳои раъйпурсӣ ҳамчун заминаи мустаҳкам ҷиҳати рушду шукуфоии мунтазами Ҷумҳурии Қазоқистон хоҳад гашт.
Тоҷикистон пойбандии устувори худро ба руҳияи дӯстии ҷовидона, ҳампаймонӣ ва шарикии стратегӣ бо Қазоқистон тасдиқ мекунад.
Зимнан, ба мардуми бародари Қазоқистон таманнои сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нав дар роҳи бунёди давлати боиқтидору соҳибихтиёр иброз мегардад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan