Чорабинии канории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Иҷлоси 61-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ

26.02.2026 13:54

26.02.2026.18.53.jpg

25 феврали соли 2026 дар ҳошияи Иҷлоси 61-уми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева чорабинии канории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Давлати Қатар ва ҳаммуаллифии Шурои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс таҳти унвони “Ҷавонон ва зеҳни сунъӣ: ташаккули ояндаи ҳуқуқи инсон” баргузор гардид.

Доир ба мавзуи чорабинӣ намояндагони доимии Тоҷикистон, Қатар ва Шурои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, муовини дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Томас Ламанаускас, муовини якуми Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзод (бо паёми видеоӣ) ва дигарон суханронӣ намуданд.
  
Зимни суханронии худ намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода иброз дошт, ки дар партави сиёсати созандаи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ташаббусҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии рушди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва ислоҳоти институтсионалӣ татбиқ мешаванд. 

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим