Мулоқот бо дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ

17.02.2026 17:47

17.02.2026.15.47.jpg

17 феврали соли 2026 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ Аргуҷ Калантарлӣ мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат тарафҳо вазъи кунунии ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, роҷеъ ба роҳу василаҳои густариши робитаҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла тариқи татбиқи лоиҳаҳои муҷаҳҳазгардонӣ ва таҳкими иқтидори иншооти мудофиаи гражданӣ дар Тоҷикистон, мубодилаи афкор карданд.

Ҳамзамон ба дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ даъватнома барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” супорида шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим