
12 феврали соли 2026 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо котиби кулли Конвенсияи Рамсар Мусонда Мумба мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот тарафҳо оид ба масоили обу иқлим, муҳити зист мубодилаи афкор намуда, рафти омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” матраҳ намуд. Даъватнома ба ин чорабинӣ ба котиби кулл супорида шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan