
29 январи соли 2026 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) Мартин Чунгонг баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, обу иқлим ва таҳкими робитаҳои байнипарлумониро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон намоядаи доимӣ даъватнома барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки моҳи майи соли 2026 дар ш. Душанбе барпо мегардад, ба Мартин Чунгон супорид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan