13-уми январи соли 2026 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо вазири тиҷорати Ҷумҳурии Туркия профессор Омер Болат мулоқоти корӣ анҷом дод.
Зимни он ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷониби Туркия омодагии кишварашро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, ба зарурати истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва фаъолсозии робитаҳои мустақими соҳибкорон ишора кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan