Мулоқот бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC)

14.01.2026 16:21

14.01.2026.16.06.jpg

13 январи соли 2026 Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ, бо Лок Баҳодур Тапа, Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба авлавиятҳои ECOSOC дар соли 2026, аз ҷумла тақвияти ҳамоҳангӣ дар низоми СММ ва татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор мубодилаи афкор намуданд. Ҳарду ҷониб зимнан ба масоили марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, аз ҷумла аҳамияти онҳо барои рушди устувор, тобоварии иқлим ва ниёзҳои кишварҳои осебпазир, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, таваҷҷуҳи махсус доданд. Дар ин замина, уҳдадориҳои кишвар барои пешбурди ҳамкории ҷаҳонии об ва амалҳо барои татбиқи Ҳадафи 6-уми рушди устувор, хусусан зимни Форуми сиёсии сатҳи баланд таъкид карда шуд.

Дар фарҷоми мулоқот, намояндаи доимӣ даъватномаи расмиро барои иштирок дар 4-умин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба Раиси ECOSOC таҳвил дод.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим