Муколамаи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон

14.01.2026 08:28

13 январи соли 2026 дар шаҳри Берлин таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Никлас Вагнер даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Олмон баргузор гардид.

Аснои музокирот роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, инчунин илму маориф ва фарҳанг мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Ҳамзамон, масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, робитаҳои ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, инчунин тақвияти ҳамкориҳо дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатҳо қарор гирифтанд.

Тарафҳо омодагии худро ба тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар самтҳои афзалиятнок таъкид доштанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим