Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ

10.01.2026 16:38

10 январи соли 2026 ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара – вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, аъзои Ҳайати мушовара, сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода, сардорони сарраёсат, раёсатҳо ва муовинони онҳо, инчунин сардорони шуъбаҳои Вазорат, роҳбарони КВД “Дипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷӣ, Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ва Муассисаи давлатии маҷаллаи “Сиёсати хориҷӣ” баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур натиҷаҳои фаъолияти низоми Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2025 ҷамъбаст гардида, Нақшаи чорабиниҳои асосии низоми Вазорат ва вазифаҳо барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қабул гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

Нигористон

Тақвим