Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ветнам

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам 14 июли 1992 барқарор гардиданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам (бо қароргоҳ дар Пекин) Парвиз Давлатзода (21.07.2016) таъйин шудааст.

Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Ветнам ин сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам 18-22 январи 1999 ва гуфтушуниди ӯ бо Президенти он кишвар Чан Дик Лионг дар мавриди рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд мебошад. Байни ду кишвар ҳамкории самараноки байнипарлумонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар 2010 Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам таъсис ёфтааст.

26 апрели 2019 дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба шаҳри Пекини Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳакориҳои байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ”, мулоқоти Роҳбари давлат бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисерҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

15 июни 2019 дар ҳошияи Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мулоқоти Ноиби Президенти Ветнам бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардид. Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро 5 санади дуҷониба ташкил медиҳад.

Ҳаҷми тиҷоратии дуҷониба байни кишварҳо дар 2018 ба 3 миллиону 302 ҳаз. долл. ИМА расид.

Нигористон

Тақвим