1 ноябри соли 2025 дар шаҳри Манама машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн баргузор гардид.
Ҳайатҳоро дар машваратҳо муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Подшоҳии Баҳрайн Шайх Абдуллоҳ ибни Алӣ Оли Халифа роҳбарӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои муфид дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳор дошта, бар зарурати идомаи мунтазами машваратҳои сиёсӣ дар сатҳҳои гуногун таъкид намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan