Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон

01.11.2025 10:20

01.11.2025.10.22.jpg

31 октябри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи ҳамоиши 43-юми ЮНЕСКО дар Самарқанд, бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов вохӯрӣ кард.

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ перомуни масоили муҳими муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо, ба вежа дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ ва густариши равобити гуманитарӣ табодули афкор анҷом доданд.

Вазирон бо тамаркуз ба сатҳи вусъатёбандаи ҳамкориҳои фарогир миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, азми устувори худро ҷиҳати равонасозии саъю кӯшишҳо барои тақвияти муносибатҳои дӯстиву бародарии мардумони ду кишвари ҳамсоя изҳор доштанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим