Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса

19.01.2024 10:10

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Ҷумҳурии Фаронса

Шарҳи мухтасари робитаҳо

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шуданд. 3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфт.

Сафорати Тоҷикистон дар Париж ҳамзамон (аз моҳи апрели соли 2018) Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло (аз моҳи январи соли 2018) мебошад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл (аз моҳи октябри соли 2023) мебошад.

Фаронса яке аз давлатҳоест, ки ҳанӯз соли 1991 Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтанд. Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму фарҳанг ва ҳарбӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду давлат махсусан оғоз аз соли 2002, яъне дар давраи будубоши пойгоҳи низомии ҳавоии Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба таври васеъ инкишоф ёфтанд.

Аз абзорҳои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, боздидҳои мутақобилаи сиёсатмадорон, намояндагони парлумон, вазоратҳои мудофиа ва ниҳодҳои қудратии ҳар ду кишвар, ҳамоишҳои соҳибкорони ду давлат, робитаҳои мустақими муассисаҳои пажӯҳишӣ-таълимӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва шарикӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ба шумор мераванд.

Ташрифҳои мутақобилаи сатҳи олӣ

Моҳи октябри соли 2005 – Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса барои иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО. Дар доираи сафар Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар Фаронса бо иштироки васеи намояндагони аҳли санъату ҳунари тоҷик барпо гардид; 

7-12 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса сурат гирифт, ки дар доираи он мулоқоту музокироти сатҳи олии Сарвари давлати тоҷикон бо Президенти Фаронса ҷаноби Эммануэл Макрон, вохӯрӣ бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони бонуфузи Фаронса, мулоқотҳои Пешвои миллат бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле, Шоҳзода Карим Оғохони IV ва инчунин бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Фаронса анҷом ёфта, ҳамзамон Президенти кишвар дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ ва дар ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ карданд. Боздиди мазкури Роҳбари давлати тоҷикон ба Париж равобити Тоҷикистону Фаронсаро ба сатҳи сифатан нав бароварда, дар маҷмуъ дар доираи сафар 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҳамёрии ду кишварро дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, сайёҳӣ, сиёсати хориҷӣ, маориф, илм ва бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат ба танзим медароранд;

12-14 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба ш.Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд, ки зимни он маросими бошукуҳи истиқболи расмии Роҳбари давлати тоҷикон дар Маҷмааи Артиши миллии Фаронса, музокироти сатҳи олии Президенти кишвар бо Президенти Фаронса ҷаноби Эммануэл Макрон ва мулоқотҳо бо Раиси Сенати Фаронса ҷаноби Жерар Ларше, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле барпо шуда, Пешвои миллат дар якҷоягӣ бо Президенти Фаронса ҷаноби Э.Макрон рӯзи 13 октябр ба Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и ш.Париж расман ҳусни ифтитоҳ бахшида, санаи 14 октябр ҳамроҳи Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле, Президенти Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ҷаноби Агапито Мба Мокуй, Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса ҷаноби Жан-Батист Лемуан ва дар ҳузури ҳайати дипломатӣ ва ҷамъияти тоҷикони муқими ш.Париж, ашхоси расмӣ ва намояндагони сохторҳои давлатии Фаронса дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (бо шумули Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллии Тоҷикистон ва чорабинии идонаи бошукуҳи консертӣ бо иштироки васеи устодони санъат ва ҷавонони соҳибистеъдоди кишвар) ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Боиси қайд аст, ки сафарҳои мутақобилаи вазирон ва роҳбарони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва Фаронса мунтазам баргузор мегарданд. 

Муносибатҳои байнипарлумонӣ. Миёни Тоҷикистону Фаронса робитаҳои хуби байнипарлумонӣ вуҷуд дошта, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳар ду палатаи Парлумони Фаронса зимни мулоқот ва сафарҳои мутақобила масоили рушди робитаҳои ҳар ду кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Байни парлумонҳои Тоҷикистону Фаронса гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал мекунанд.

Пояи қарордиву ҳуқуқӣ. Миёни Тоҷикистону Фаронса 22 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои робитаҳои хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ, муосиргардонии инфрасохтори фурудгоҳи Душанбе, мудофиа, бехатарии дохилӣ ва ғайра ташкил медиҳад. 16 марти соли 2022 “Харитаи роҳи рушди ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса барои солҳои 2021-2026”.

Ҳамкориҳо дар соҳаи илму фарҳанг. Тоҷикистон ва Фаронса муносибатҳои худро дар соҳаҳои фарҳанг, илму техника ва маориф дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию техникӣ (аз моҳи декабри соли 2002) ба роҳ мондаанд.

Дар давраи аз 13 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022 дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и ш.Париж Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” баргузор гардид. Маросими ифтитоҳи ин Намоиш санаи 13 октябри 2021 бо иштироки сарони ду давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон сурат гирифт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Эммануэл Макрон ва ҳайати ҳамроҳаш таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони баруманди он дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

4 майи соли 2022 Маркази омузиши забони фаронсавӣ “Альянс Франсез”-и Ҷумҳурии Фаронса таъсис ёфта шуд.

Муносибатҳои иқтисодӣ. Гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Фаронса дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 11588,9 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.

Сармоягузории мустақими хориҷии Фаронса ба Тоҷикистон дар солҳои 2007-2022 77,3 миллион доллар ва ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 125 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ноябр, 2023 

Нигористон

Тақвим